Дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва мусоидат ба рушди соҳаҳо,.
Бо мақсади рафъи мушкилот, монеаҳои сунъӣ ва шаффофият дар раванди иҷозатномадиҳӣ барои намудҳои алоҳидаи фаъолият, дар тӯли якчанд моҳ бо ташаббуси Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати электронӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ҷониби довталабони литсензия танҳо тавассути барномаи нави электронӣ (ijozatnoma. tj) амалӣ карда мешавад. Эълони ин ташаббус саривақт дар расонаҳои иттилоотии кишвар нашр шуд. 22 феврали соли 2021 бо иштироки роҳбарони корхонаҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе, ки фаъолияташон ба истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва спиртӣ марбут аст, семинари машваратӣ баргузор гардид. Дар семинар, барномаи дар боло зикргардида барои гирифтани иҷозатнома дар ин самт бори дигар муфассал муаррифӣ карда шуд. Сарфи назар аз он, ки ин барнома як падидаи нисбатан нав дар соҳа мебошад, татбиқи он ба рушди соҳибкорӣ мусоидат намуда, монеаҳои сунъиро дар раванди иҷозатномадиҳӣ бартараф ва шаффофиятро дар ин самт тақвият мебахшад. Котиботи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон