Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро баҳогузорӣ карданд ва ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳои ҳамкорӣ ва афзоиши тиҷорати дуҷонибаро якҷоя барқарор мекунанд. Ғайр аз ин, ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои саноатӣ дар соҳаи автомобилсозӣ, алахусус маҳалгардонии истеҳсоли шинаро дар Тоҷикистон муҳокима карданд. Денис Мантуров Шералӣ Кабир ва ширкатҳои Тоҷикистонро барои ширкат дар "версияи содиротии" INNOPROM - намоишгоҳи саноатии "Ҳафтаи калони саноатӣ", ки аввали моҳи апрел дар Тошканд баргузор мешавад, даъват кард. Котиботи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон