24 октябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак коргоҳҳои истеҳсолии варақаҳои гаҷӣ (гаҷкартон), сангҳои ороишӣ ва маҳсулоти сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нурсоз»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Коргоҳҳои нави истеҳсолӣ дар шаҳри Норак дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар, “Солҳои рушди саноат” (2022-2026) ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ, бародарон Табаровҳо бунёд гардидаанд. Бо таъсиси коргоҳҳои нави истеҳсолӣ зиёда аз 100 нафар сокинони шаҳр, аз ҷумла занону духтарони хонанишини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Дар коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ бо истифода аз дастгоҳу технологияи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон имкон аст, ки дар як шабонарӯз 6 ҳазор ва дар як сол 2 миллион метри мураббаъ масолеҳи баландсифати сохтмонӣ дар асоси талаботи байналмилалӣ омода карда шавад.
Фаъолияти коргоҳи сангҳои ороишӣ дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нурсоз” бо истифода аз технологияи насли нав ва коркарди ашёи хоми худӣ ба роҳ монда шуда, маҳсулоти аълосифат омода мегардад. Таҷҳизоти коркарди сангҳои ороишӣ рақамии ҳозиразамон буда, мутахассисони варзидаи ватанӣ бо истифода аз сангҳои табиии кӯҳҳои шаҳри Норак ва ноҳияи Файзобод се навъ маҳсулоти ороишӣ, аз ҷумла кабуд, сафед ва сурхро бо риояи меъёрҳои ҷаҳонӣ омода мекунанд. Маҳсулоти ниҳоии коргоҳ аз лиҳози сифат мустаҳкаму устувор буда, ба саломатӣ безарар мебошад.
Дар коргоҳи сангҳои ороишии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нурсоз” имкон аст, ки бо суфтакунӣ ва коркарди 1000 метри мукааб сангҳои табиӣ дар як сол 8 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти ороишӣ барои девору роҳрав ва гулгаштҳо омода карда шавад. Коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ дар назди Корхонаи “Нурсоз” бо дарназардошти қонеъ сохтани талаботи дохилӣ бунёд гардида, дар он истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба роҳ монда шудааст.
Дар коргоҳ асосан истеҳсоли ширеш, шпаклевка, ротбанд ва гаҷ бо истифода аз имконоти мавҷуда асосан бо мақсади таъмини бозорҳои дохилӣ амалӣ мегардад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол 800 тонна маҳсулоти босифати сохтмонӣ мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бо мақсади коркарди ашёи хоми ватанӣ то марҳилаи ниҳоӣ шоёни таҳсин ва намуна арзёбӣ карда, бо назардошти зиёд будани талабот ба чунин навъи маҳсулоти сохтмонӣ дар мамлакат ба масъулони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нурсоз” барои боз ҳам афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолот маслиҳатҳои судманд доданд.