24 октябри соли 2022, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак коргоҳи истеҳсоли микросементро, ки дар назди ҶСП “Заводи таҷрибавии механикӣ” сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як рӯз 45 тонна ва дар як сол 160 ҳазор тонна микросементро ташкил медиҳад. Хати технологии коргоҳи нави истеҳсоли микросемент аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас гардида, тавассути он тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва ҷавобгӯи замони муосир ба роҳ монда шудааст.
Баъди ба истифода супоридани коргоҳи нав зиёда аз 36 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, шумораи коргарону мутахассисон дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Заводи таҷрибавии механикӣ” ба зиёда аз 1500 нафар расидааст. Коргоҳи болозикр дорои озмоишгоҳи махсус буда, дар он мутахассисон тариқи таҷҳизоти ҳозиразамон сифати маҳсулотро дақиқ муайян менамоянд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти коргоҳ ва маҳсулоти истеҳсолии он, ки бо дастгоҳи муосири рақамии компютерӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст шинос шуда, ба масъулон ҷиҳати нигоҳ доштани сифатнокии маҳсулот дастуру супоришҳо доданд.