Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва расми иштирокашон дар тантанаҳои ҷашни 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинон дар шаҳри Бӯстон бо иштироки вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ва раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Асрор Атомуллоев дар масоҳати умумии 1535 мм ва масоҳати зерсохмонии 465 мм ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст.
Корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бунёд-1” ба анҷом расонида шуда, иқтидори корхона дар як шабонарӯз истеҳсоли 1 тонна маҳсулотҳои рангҳои ороишӣ буда, баҳри бунёд ва бо технологияи муосир таъмин намудани он зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст. Бо ба истифода додани корхонаи мазкур 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ва раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ ба роҳбарияти корхона барои афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ, зоҳир намудани таваҷҷуҳ ба сатҳу сифати маҳсулоти истеҳсолӣ, зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ тавсияҳои мушаххас доданд.