Санаи таваллуд: 22 ноября соли 1986
Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Миллат: Тоҷик
Маълумот: Солҳои 2004-2009 - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии идоракунӣ бо ихтисоси иқтисодиёти миллӣ, ш. Москва;
Солҳои 2012-2014 - хатмкунандаи Донишгоҳи байналмилалии Япония, барномаи магистрӣ бо ихтисоси робитаҳои байналмилалӣ, ш. Ниигата.
Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ ва англисӣ
Вазъи оилавӣ: Оиладор, соҳиби ду фарзанд.
Фаъолияти меҳнатӣ:
Солҳои 2009-2012 |
мутахассис, атташе ва котиби сеюми котиботи вазорат ва раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон; |
---|---|
Солҳои 2014-2016 |
котиби сеюми шуъбаи ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ, котиби дуюми раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати корҳои хориҷӣ; |
Солҳои 2016-2019 |
котиби дуюм ва котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония;hr> |
Солҳои 2019-2020 |
котиби якуми раёсати кишварҳои Осиёи ва Африка, котиби якуми раёсати кишварҳои Аврупо ва Америкаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон; |
Солҳои 2020-2021 |
сардори шуъбаи ҳамкорӣ бо ниҳодҳои Иттиҳоди Аврупои Раёсати кишварҳои Аврупо ва Америка, сардори шуъбаи ҷалби сармоя ва ҳамкорӣ бо ниҳодҳои молиявии Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати корҳои хориҷӣ; |
Солҳои 2021-2023 |
сардори раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон; |
Аз 2 марти соли 2023 |
бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №93 муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст. |