Натиҷаи фаъолияти корхонаю муассисаҳои соҳаи мошинсозӣ дар нимсолаи якуми соли 2019
Дар шаш моҳи соли 2019 бошад, корхонаҳои соҳа дар маҷмуъ ба маблағи 821,6 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 107,1 млн. сомонӣ зиёд аст. Суръатафзоии истеҳсоли маҳсулот дар ин давра 115,0 % ташкил дод.
КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар давраи ҳисоботи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 218,5 млн. сомонӣ расонид, ки назар ба нишондоди шаш моҳаи соли 2018, 14,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот 107,2 % таъмин карда шуд.
Ҳаҷми молии маҳсулоти истеҳсолнамудаи Ширкат дар ин давра ба 50982 тонна баробар гардид, ки назар ба шаш моҳи соли 2018–ум 4443,6 тонна зиёд мебошад. Суръатафзоӣ 109,5%-ро ташкил медиҳад.
Ба санаи 9 июли соли 2019 нархи 1 тонна алюминий дар Биржаи металии Лондон ба 1783 доллари ИМА баробар шудааст, ки назар ба моҳи июни соли равон, нархи алюминий 9 доллари ИМА паст рафтааст.
Дар ширкат 6358 нафар кормандон кору фаъолият намуда, музди меҳнати миёнаи онҳо 1275,0 сомониро ташкил медиҳад.
Аз захираву имкониятҳо истифода намуда, корхонаҳои коркарди алюминий дар шашмоҳаи дуюми соли 2019 дар маҷмуъ 4070 тонна алюминийро коркард намуда, суръати афзоишро 111,2% таъмин карданд, ки нисбати нишондоди соли гузашта 410 тонна зиёд мебошад.
Зимнан бояд таъкид намоям, ки ҳаҷми коркарди алюминий дар шаш моҳи соли равон чун солҳои гузашта асосан аз ҳисоби КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», ҶДММ КМ «Тоҷпроф», ҶДММ «Ноқили Талко» ва ҶСП «Ноқили Турсунзода» ба амал омада истодааст. Бо сабаби дар аввали соли равон мушкил гардидани дастрасӣ ба сими ғафси алюминӣ таъмин гардидан бо ашёи хом дар ҳаҷми зарурӣ, корхонаҳои ноқилбарорӣ аз қабили ҶДММ «Ноқили Талко» ва ҶСП «Ноқили Турсунзода» ҳаҷми истеҳсоли ноқилҳои алюминиро коҳиш дода, суръатиафзоиро назар ба ҳамин давраи соли гузашта таъмин карда натавонистанд.
Тибқи маълумотҳои дастрасгардида дар ин дараи ҳисоботӣ корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия, дар якҷоягӣ бо КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» маҳсулотҳоро ба монанди: алюминияи аввалия, 48,7 ҳазор тонна (88,7 млн.доллар) маводҳои таркандаи саноатӣ, профилҳои алюминӣ, ба маблағи 862,4 млн. сомонӣ 91, 5 млн. доллари ИМА ба хориҷи кишвар, хусусан ба Давлатҳои Аврупо, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Туркия ва Эрон содирот намуданд, ки назар ба шаш моҳи соли 2018 қариб 2,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
ҶДММ «ТАЛКО Кемикал» бо дарназардошти масъалаҳои қабули давлатии иншооти сохтмонаш анҷомёфта аз моҳи апрели соли 2019 тибқи нақшаи қаблан такмил додашуда ба истеҳсоли маҳсулотҳои кимиёвӣ ба монанди алюминии фтордор ва криолит шуруъ намуд.
Корхонаи мазкур дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 28,4 млн сомонӣ расонид, ки назар ба нишондоди ҳамин давраи соли 2018 9,6 млн сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми молии маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона дар ин давра ба монанди алюминии фтордор 2047,5 тонна баробар гардид, ки назар ба ҳамин давраи соли 2018 356,9 тонна зиёд буда, суръати афзоиш 121 фоиз таъмин гардидааст. Инчунин дар ин давра дар ҳаҷми 274,6 тонна криолит истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42,3 тонна зиёд буда, суръати афзоиш 118 фоиз таъмин карда шудааст. Дар шаш моҳи соли равон корхонаи мазкур дар ҳаҷми 1679,1 тонна алюминии фтордор, 167,2 тонна криолит, беш аз 248,9 тонна кислотаи сулфат ва 456,8 тонна коагулянт, дар маҷмуъ бо маблағи 25,1 млн сомонӣ ба фурӯш баровардааст. ҶДММ «ТАЛКО Кемикал» дар ҳамин давраи соли равон ба миқдори 1306,2 тонна алюминии фтордор ба маблағи 17,8 млн сомонӣ ба Федератсияи Россия содирот намудааст. Инчунин ба КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 167,2 тонна криолит ба маблағи 1 млн 184 ҳазор сомонӣ ва 373 тонна фториди алюминий ба маблағи 4 млн 400,3 ҳазор сомонӣ, дар маҷмуъ ба маблағи 5 млн 584 ҳазор сомонӣ маҳсулот интиқол дода шудааст. Ба КВД «Обу корезӣ»-и шаҳри Душанбе бошад 456,8 тонна коагулянт ба маблағи 1 млн 78 ҳазор сомонӣ ва дигар корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ зиёда аз 249 тонна кислотаи сулфат ба маблағи 634,4 ҳазор сомонӣ маҳсулот интиқол дода шудааст. Дар анбори корхонаи мазкур бақияи маҳсулоти ниҳоӣ ва нимтайёр бо нархҳои амалкунанда бе арзиши иловашуда бо назардошти бақияи соли гузашта зиёда 12 млн сомониро ташкил медиҳад. Айни замон дар корхона 545 нафар кормандон кору фаъолият доранд. Рушди соҳа сабаби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа ва ҷойҳои нави корӣ мегарданд:
Бояд зикр намуд, ки бо иштироки Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи ҷамъу васли автобуси мусофиркаши тамғаи «Акия» дар шаҳри Душанбе 14-уми феврали соли 2018 ва марҳилаи дуюми он 19 марти соли 2019 мавриди истифода қарор дода шуд. Истеҳсоли автобусҳои мусофиркаши тамғаи «Акия» аз тарафи КМ тоҷикию-туркӣ «Акия Авесто Автоматив Индастри» дар заминаи КВД «Насби нақлиёти барқӣ (тролейбус)»-и шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуда, иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур солона аз 250 то 300 автобус мебошад. Аз оғози фаъолияташ корхонаи мазкур 152 адад автобусро ҷамъу васл намуда ба истифода додааст. Дар шаш моҳи соли 2019 48 адад автобусро ҷамъу васл намуда, ба фурӯш баровардааст. Айни замон дар корхона бо саҳми бевоситаи мутахассисони омӯзонидашуда 5 автобусҳои дар иқтидорҳои худи корхона истеҳсол гардида, барои истифодабарӣ омода мебошанд, ки то охири моҳи июли соли равон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешаванд. Шумораи кормандони корхона ҳоло зиёда аз 50 нафарро ташкил дода, баъди пурра ба истифода додани корхонаи мазкур шумораи ҷойҳои корӣ бояд ба 200 нафар расонида шавад. -Санаи 31 марти соли ҷорӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмуд ва Компания” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар корхона асосан арматура, ки дар сохтмони бинову иншооти гуногун, махсусан биноҳои бисёрошёна истеҳсол мегардад. Иқтидори истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмуд ва Компания” то 50 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол мебошад.
Тақрибан 30 фоизи ашёи хом аз дохил ва боқимондаи он тибқи шартнома, аз Ҷумҳурии Қазоқистон оварда мешавад. Корхонаи мазкур дар масоҳати умумии 2,4 гектар бунёд гардида,100 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши балан таъмин гардиданд. Корхонаи мазкур дар моҳи июни соли ҷорӣ 22 тонна маҳсулот ба маблағи 61,0 ҳазор сомонӣ истеҳсол намудааст. -Дар соҳа айни замон дар самти коркарди металлҳои сиёҳ ва ранга ва истеҳсоли маводҳои таркандаи саноатӣ дастовардҳои бештар ба назар мерасанд. Хусусан фаъолияти корхонаи истеҳсоли қубурҳо ва профилҳои металлӣ -ҶСП «Норд Азия металл»-и ноҳияи Спитамен, ҶДММ “Труба ва профилҳои тоҷик”-и шаҳри Ҳисор, корхонаи истеҳсоли профилҳои алюминӣ -ҶДММ «Тоҷпроф»-и МОИ «Суғд» ва корхонаҳои нави истеҳсоли маводҳои таркандаи саноатӣ- ҶДММ КМ «Муосир» ва ҶДММ «Колорит технолоҷӣ» назаррас буда, ҳиссаи маҳсулоти корхонаҳои номбурда дар ҳаҷми маҳсулоти соҳа тадриҷан зиёд гардида истодааст.
Маълумоти ҷамъбастии Раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия
Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия дар маҷмуъ ба маблаѓи 1103,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 557,3 млн. сомонӣ зиёд аст. Суръатафзоии истеҳсоли маҳсулот дар ин давра 202,1 % таъмин гардид.
КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бошад, дар шаш моҳи соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 581,9 млн. сомонӣ расонид, ки назар ба нишондоди соли 2017–ум, 14,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ширкат дар ин давра суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулотро 102,5 % таъмин намуд.
Ҳаҷми молии маҳсулоти истеҳсолнамудаи ширкат дар шаш моҳи соли 2018 ба 46661,0 тонна баробар гардид, ки назар ба шаш моҳи соли 2017–ум 2873,0 тонна кам мебошад. Суръатафзоӣ дар ин давра 94,1 %-ро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти корхона дар моҳи июни соли 2018 иловатан 7 адад электролизёрҳо ба кор дароварда шуданд.
Бояд қайд намуд, ки санаи 4 апрели соли 2018 интиқоли газии табии аз Ҷумҳурии Ўзбекистон ба ширкат ворид гардида, ширкат дар як шабонарўз дар ҳаҷми 23 метри кубӣ гази табии гирифта истодааст. Ширкат гази табииро аз ҷумҳурии ҳамсоя бо нархи 115,0 доллари ИМА барои 1000 м.кубӣ харидорӣ намуда истодааст.
Ба санаи 9 июли соли 2018 нархи 1 тонна алюминий дар Биржаи металии Лондон ба 2098,5 доллари ИМА баробар шудааст, ки назар ба моҳи гузашта нархи алюминий 189,0 доллари ИМА коҳиш ёфтааст.
Масъулони КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» иброз намуданд, ки тибқи нақша дар асоси шартномаҳои тарафайн бо ширкатҳои чинӣ то охири соли 2018-ум 300 адад ваннаҳои электролизӣ таъмиру таҷдид ва мавриди истифода қарор хоҳад диҳанд ва доир ба масъала корбарӣ шуда истодааст.
Дар ширкат 6769 нафар кормандон кору фаъолият менамоянд, ки музди меҳнати миёнаи онҳо 1227,4 сомониро ташкил медиҳад.
Корхонаҳои коркард аз захираву имконотҳо истифода намуда, дар моҳи июни соли ҷорӣ 670,0 тонна алюминияро коркард намуданд. Дар шаш моҳи соли 2018 корхонаҳо ҳамагӣ 3670,0 тонна алюминиро коркард намуданд, ки ҳаҷми коркард баробар ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Суръати афзоиши коркард 100 % таъмин карда шуд.
Тибқи маълумотҳои дастрасгардида дар давоми 6 моҳи соли 2018 корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия, дар якҷоягӣ бо КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» маҳсулотҳоро ба монанди: алюминияи аввалия, профилҳои алюминӣ, арматура ва сими металлиро ба маблаѓи 878,8 млн. сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2017 қариб 123,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Инчунин дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд аз тарафи ҶСП «Норд Азия металл» корхонаи истеҳсоли қубурҳои профилии металли даврашакл ва чоркуҷашакл бо иқтидори 60 ҳаз. тонна маҳсулот дар як сол бо истифода аз хати технологии муосир оѓоз гардид, ки дар натиҷа барои 60 нафар ҷойи кории нав таъсис ёфт. Ҳангоми пурра ба фаъолияти истеҳсолӣ шуруъ намудан 120 ҷойи нави корӣ фароҳам мегардад. Бояд қайд намуд, ки маҳсулоти корхонаи мазкур дар бозор талаботи зиёд дорад.
Корхона аз тарафи соҳибкорони таҳҷоӣ ва хитоӣ сохта шуда, маблағи умумии ҷалбгардида дар маҷмуъ зиёда аз 5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Музди меҳнати кормандони корхона ҳоло ба ҳисоби миёна ба 2500 сомонӣ баробар мебошад.
Корхонаи мазкур дар арафаи ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 сентябри соли 2016 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман ба фаъолияти истеҳсолӣ шуруъ намуд.
Дар шаш моҳи соли 2018 бошад, корхона ба маблағи 82,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 40,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти корхона 198,3 % таъмин карда шуд. Ҳаҷми молии истеҳсоли маҳсулот дар ин давра ба 12814,5 тонна баробар шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 4189,5 тонна зиёд аст.
Намудҳои маҳсулоти дар корхона истеҳсолшаванда аз рӯи ғафсии металл ва андозаашон то ба 85 мерасанд, ки 40 намуди он профилҳои даврашакл буда, 45 намуди дигараш профилҳои чоркунҷашакл мебошад.
Нархи фурӯши 1 тонна маҳсулоти тайёри корхона ба ҳисоби миёна 750 доллари ИМА баробар мебошад. Ҳангоми фурўш дар бозори дохилӣ корхона аз ҳаҷми фурўш боз 18% ААИ ва дигар андозҳои ҳатмиро пардохт менамояд.
Ба ҳамин корхона монанд дар шаҳри Ҳисор дар моҳи сентябри соли 2017 корхонаи нави истеҳсоли қубурҳои профилии металлии даврашакл ва чоркуҷашакл бо номи ҶДММ «Истеҳсоли труба ва профили тоҷик» ба фаъолият шуруъ намуд, ки дар заминаи он 30 ҷойи кории нав таъсис ёфт. Музди маоши миёнаи коргарон 1200 сомониро ташкил медиҳад. Ашёи хом яъне, варақаи металлиро корхона аз Федератсияи Россия харидорӣ ва ворид менамояд.
Хатҳои технологӣ ба маблағи 5,8 млн. сомонӣ аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид ва васлу насб карда шудаанд.
Корхонаи навтаъсис дар моҳи июни соли 2018 ба маблағи 1,6 млн. сомонӣ қубурҳо ва профилҳои металлии даврашакл ва чоркуҷашаклро истеҳсол намудааст.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ бошад, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхона ба 15,9 млн. сомонӣ баробар шудааст.
Ҳаҷми молии истеҳсоли маҳсулот дар ин давра ба 3259,0 тоннаро ташкил додааст. Иқтидори солонаи корхона 2500 тонна мебошад.