Корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонӣ дар соли 2019 ба маблағи 2,7 миллиард сомонӣ масолеҳ истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2018 345,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар моҳи декабр 7,2 ва дар сол бошад, 10,0 %-ро ташкил дод. Истеҳсоли семент ба 4,2 миллион тонна, хишт 159,1 миллион дона, газоблок 36,9 ҳазор метри мукааб, масолеҳи ғайримаъданӣ 1,5 миллион метри мукааб, гаҷкартон 1,4 миллион дона ва шифер 1,3 миллион дона баробар шудааст.
Корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонӣ дар соли 2019 ба маблағи 2,7 миллиард сомонӣ масолеҳ истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2018 345,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар моҳи декабр 7,2 ва дар сол бошад, 10,0 %-ро ташкил дод. Истеҳсоли семент ба 4,2 миллион тонна, хишт 159,1 миллион дона, газоблок 36,9 ҳазор метри мукааб, масолеҳи ғайримаъданӣ 1,5 миллион метри мукааб, гаҷкартон 1,4 миллион дона ва шифер 1,3 миллион дона баробар шудааст.
Ҳаҷми содироти масолеҳ 68,4 миллион доллари ИМА ва ҳаҷми воридот 42,9 миллион долларро ташкил дод, ки содирот 25,4 миллион доллар зиёд мебошад. Зиёдшавии ҳаҷми содирот аз ҳисоби фурӯши семент мебошад, ки маблағи он 68,1 миллион долларро ташкил медиҳад. Қисми зиёди воридотро кошин (17,6 миллион доллар), шиша (9,7 миллион доллар), маснуоти санитарӣ (2,4 миллион доллар), гаҷкартон (2,8 миллион доллар) ташкил додааст.
Дар ин давра 1,5 миллион тонна семет ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Ҷумҳуриҳои Узбекистон 890,0 ҳазор тонна, Афғонистон 576,0 ҳазор тонна ва Қирғизистон 80,6 ҳазор тонна содирот гардидааст. Содироти гаҷкартон 399,6 ҳазор донаро ба ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қирғизистон ва Исломии Афғонистон ташкил дод.
Дар ин давра 356,6 метри мураббаъ сангҳои ороишӣ ба маблағи 86,2 ҳазор сомонӣ аз тарафи ҶДММ “Зиркон”-и шаҳри Душанбе ба давлати Қатар содирот карда шуд.
Соли 2019 корхонаҳои истеҳсоли семент “Моҳир семент”-и ноҳияи Ҷ. Балхӣ, шифербарории ҶДММ “Муқим-1”-и ноҳияи Ёвон, “Анас Одина”-и шаҳри Ҳисор, “Сомоншифер”-и шаҳри Душанбе корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ҶДММ “Зиркон” дар шаҳри Душанбе, корхонаи хиштбарории ҶДММ “Белтатекс”-и шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз намуданд.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат вобаста ба ҳадафи чоруми миллӣ эълон намудани саноатикунонии босуръати кишвар ҶДММ «Сомоншифер» дар шаҳри Душанбе корхонаи истеҳсоли шиферҳои асбестиро мавриди истифодабарӣ қарор дод.
Корхонаи мазкур моҳи сентябр соли 2019 ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз намуда, дар ин давра 343,5 ҳазор дона шифер ба маблағи 7,8 миллион сомонӣ истеҳсол намуда 62 нафарро бо ҷойҳои нави корӣ ва музди меҳнати доимӣ таъмин кардааст.
Инчунин, корхонаи нав – ҶДММ «Анас Одина»-и шаҳри Ҳисор низ ба истеҳсоли шифер шурӯъ карда, дар ин давра 28,2 ҳазор дона шифер ба маблағи 1,1 миллион сомонӣ истеҳсол намудааст. Дар ин корхона 15 ҷойҳои кории нав муҳайё гардидааст. Лозим ба ёдоварист, ки маҳсулоти истеҳсолгарида ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда мебошад.
Корхонаи коркарди санги ҶДММ «Зиркон» моҳи сентябри 2019 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Дар корхона 35 адад таҷҳизоти замонавии коркарди санг насб гардидааст. Таҷҳизот бо низоми идоракунии барномавии рақамӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Маҳсулоти сангии истеҳсолнамудаи корхона аз рӯи сифат ва рангу намуди ороишот бо маҳсулоти сангии кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон – Италия, Ҳиндустон, Россия ва Хитой рақобат карда метавонад.
Соли 2019 25 корхона ва коргоҳҳои соҳа ба фаъолият оғоз намуда, ба маблағи 80,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Дар онҳо 661 ҷойҳои кории нав бунёд гардидааст.