Фармонҳо
ФАРМОНҲО: ИМТИЁЗҲОИ АЗ ҶОНИБИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА КОРХОНАҲОИ СОҲАИ САНОАТ ПЕШНИҲОДГАРДИДА.
Тибқи моддаи 21-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ”, имтиёзҳои андозӣ, гумрукӣ ва дигар имтиёзҳо ба сармоягузорон бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳо, шартномаҳои сармоягузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд
Мутобиқи зербанди 6-и банди 1-и моддаи 110-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳои нави молистеҳсолкунанда аз санаи бақайдгирии ибтидоии давлатӣ ҳангоми аз ҷониби муассисони онҳо дар мўҳлати 12 моҳи тақвимии аз санаи бақайдгирии давлатӣ ба фонди оинномавии чунин корхонаҳо ворид намудани ҳаҷмҳои дар поён пешбинигардидаи сармоягузориҳо ба мўҳлати:
а) 2 сол, агар ҳаҷми сармоягузориҳо бештар аз 200 ҳазор доллари ИМА то 500 ҳазор доллари ИМА бошанд;
б) 3 сол, агар ҳаҷми сармоягузориҳо бештар аз 500 ҳазор доллари ИМА то 2 миллион доллари ИМА бошанд;
в) 4 сол, агар ҳаҷми сармоягузориҳо бештар аз 2 миллион то 5 миллион доллари ИМА бошанд;
г) 5 сол, агар ҳаҷми сармоягузориҳо бештар аз 5 миллион доллари ИМА бошанд, аз андоз аз фоида озоданд.
Тибқи талаботи сархати 6 моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» ва банди 5-и боби 59 Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», баъди аз экспертизаи давлатӣ гузаронидани иттилооти геологӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок дар минтақаи қаъри замин, ки дар мавриди он иҷозатномаи омўзиши геологии қаъри замин амал мекунад, соҳиби ин иҷозатнома, ки аз ҳисоби худ корҳои геологиро бо маблағ таъмин мекунад, ҳуқуқи дар навбати аввал гирифтани иҷозатномаи истихроҷи кандании фоиданокро дорад.
Муқаррароти сархати дуюми қисми 1 моддаи 223-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, ки дар асоси ҳуқуқи истисноӣ барои истихроҷ вобаста ба кашфи тиҷоратӣ дар доираи иҷозатнома (иҷозат) барои омўзиш дар ҳудуди дахлдор қарордод бастаанд, татбиқ намешавад. Яъне моддаи мазкур ба истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ барои пардохт накардани бонуси обунавӣ имтиёз пешбинӣ намудааст.
5 Мутубиқи моддаи 46-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» маблағҳои пардохтнамудаи истифодабарандагон, ки корҳои иктишофи геологиро мувофиқи лоиҳаи аз ҷониби мақоми ваколатдор тасдиқшуда (мувофиқашуда) маблағгузорӣ намудаанд, ба ҳаҷми маблағгузории воқеӣ баъд аз тасдиқ намудани захираҳои канданиҳои фоиданок аз ҷониби Комиссияи давлатии захираҳо ва тасдиқи воқеияти кашфи кон аз тарафи мақоми ваколатдор аз ҳисоби кам кардани маблағи пардохтҳои истифодабарандагони қаъри замин (роялти ва бонуси истихроҷӣ), ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, ҷуброн карда мешавад.
6 Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий» сармоягузор эҳтимолияти бархурдорӣ аз ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дар давраи амали гардидани Қонун бошад.
7 Мутобиқи банди 3-и моддаи 169-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳвили металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти заргарӣ аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, алюминийи аввалия, консентрати металлҳо, маъданҳои молӣ, оҳанпораи металлҳои сиёҳ ва ранга, металлҳои дигари дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, пилла, нахи пахта, калобаи пахта, пахтаи коркарднашуда, аз ҷумла барои содирот, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд. Тибқи сархати 4-и банди 4-и моддаи 169-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маснулоти такмилии (комплектии) онҳо, ки маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳанд, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд
8 Мутобиқи муқаррарот ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ”, илова ба ҳуқуқҳо ва кафолатҳои асосии сармоягузор, созишномаи сармоягузории алоҳида метавонад ҳуқуқҳои махсус, озодкунӣ ва имтиёзҳои сармоягузор ва лоиҳаи сармоягузорро пешбинӣ намояд:
– низоми андозбандии махсус, аз ҷумла низоми соддакардашудаи андозбандӣ, озодкунии сармоягузор, пудратчиён ва кормандони хориҷӣ аз андозҳои муайян ва ё тамоми намудҳои андоз, дигар имтиёзҳои андозӣ ба давраи муайян ва ё дар тамоми давраи амали созишномаи сармоягузорӣ;
– низоми махсуси гумрукӣ, аз ҷумла қисман ва ё пурра озодкунӣ аз пардохтҳои гумрукӣ, расмиёти соддакардашудаи гумрукӣ барои сармоягузор, пудратчиён ва кормандони хориҷии он ба давраи муайян ва ё дар тамоми давраи амали созишномаи сармоягузорӣ;
– низоми махсуси танзим ва назорати асъорӣ, аз ҷумла озодкунӣ аз ўҳдадории гирифтани иҷозатномаҳо ва бақайдгирӣ барои қарзҳо ва дигар шаклҳои маблағгузорӣ, ки аз тарафи сармоягузор барои мақсадҳои лоиҳаи сармоягузорӣ ва кушодани ҳисобҳои бонкӣ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он барои гирифтани қарзҳо ва дигар шаклҳои маблағгузорӣ;
– низоми махсуси иҷозатномадиҳӣ, аз ҷумла бо низоми соддакардашуда додан, аз нав барасмият даровардан, дароз кардани мўҳлати иҷозатномаҳое, ки барои татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ лозим мебошанд, додани иҷозатнома ба мўҳлати зиёдтар аз мўҳлати ниҳоии амали иҷозатнома, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, пурра ва ё қисман озодкунии сармоягузор аз пардохти боҷҳо ва пардохтҳои иҷозатномавӣ.
9 Тибқи банди 1-и моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ” Ҷумҳурии Тоҷикистон риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии сармоягузореро, ки дар доираи созишномаи сармоягузорӣ фаъолият менамоянд, кафолат медиҳад. Дар созишномаи сармоягузорӣ чунин кафолатҳои мушаххас метавонанд нишон дода шаванд: – кафолат ва ҳимояи ҳуқуқии сармоягузориҳо, аз ҷумла кафолати аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дигар мақомоти давлатӣ қабул нагардидани санадҳое, ки махсусан барои паст намудани арзиши сармоягузориҳо равона карда мешаванд;
– ҳаракати озоди сармоя дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он;
– озодона баргардонидани (репатриатсияи) даромадҳо, сармоя, дивидендҳо ва маблағи пардохти қарордодҳо оид ба пешниҳоди хизматрасонӣ ва иҷрои корҳо;
– муқаррароти ҷубронӣ дар ҳолати риоя нагардидани созишномаи сармоягузорӣ аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дахолати ғайриқонунӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ;
– ҳимояи ҳуқуқҳои махсус ва ё иловагии муаллиф, ҳуқуқ ба тамғаҳои молӣ ва ҳуқуқи моликияти зеҳнии сармоягузорон;
– манъи мусодира ва милликунонии молу мулки сармоягузор, ба истиснои амалӣ кардани онҳо барои эҳтиёҷоти ҷамъиятӣ бо пардохти ҳатмии ҷуброн дар ҳаҷм ва тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– манъи маҳдудкунии (дискриминатсияи) сармоягузорон дар вобастагӣ ба кишвари бақайдгирӣ;
– таъсиси озоди шахсони ҳуқуқӣ бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ ва ё дохилӣ барои ҳама гуна мақсадҳои амалигардонии лоиҳаи сармоягузорӣ;
– ҳуқуқ барои фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси қарордод, интихоби озоди шарикон ва мавзўи қарордод, интихоби ҳуқуқи қобили татбиқ барои қарордод, расмиёти судӣ ва ё арбитражии ҳалли баҳсҳо ва ё дигар шаклҳои ҳалли баҳсҳо ва мухолифатҳо барои тамоми қарордодҳо, озод муайяннамоии ўҳдадориҳо, инчунин дигар шартҳои қарордодҳо;
– ҳуқуқ барои амалӣ намудани ҳама гуна фаъолияти тиҷоратии барои мақсадҳои татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ зарурӣ дар дохил ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– ҳуқуқ барои фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ ва амалӣ намудани муносибатҳои содиротию воридотӣ;
– ҳуқуқ барои гирифтан ва пешниҳод намудани қарзҳо, кафолатҳо, замонат ва дигар намудҳои таъминот аз бонкҳои дохилию хориҷӣ, ҷамъияту ташкилотҳо, инчунин барои суғуртакунӣ бо суғуртакунандагони дохилию хориҷӣ бо шартҳои имтиёзнок;
– ҳуқуқ барои сармоягузорӣ ва сармоягузории такрорӣ дар доираи созишномаи сармоягузорӣ вобаста ба талаботи татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ.
10 Мутобиқи моддаи 23-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ” бо мақсади мусоидат ба сармоягузорон ҳангоми хизматрасонии давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равзанаи ягонаро барои сармоягузорон таъсис медиҳад.
11 Мутобиқи моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ”, ҳуқуқ ба сармоягузорон нисбати объектҳои консессионӣ дар асоси шартномаҳои консессионие, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи консессияҳо” баста шудаанд, дода мешавад.
12
Мутобиқи моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ”
Сармоягузорон ҳуқуқ доранд: – дар бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пули миллӣ ва (ё) асъори хориҷӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон суратҳисобҳо кушоянд; – бо салоҳдиди худ даромади аз фаъолият бадастовардаро баъди супоридани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ истифода намоянд. Ба сармоягузорони хориҷӣ ҳуқуқи ба берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани маблағи даромади онҳо бо асъори хориҷӣ, ки бо роҳи қонунӣ дар натиҷаи фаъолияти сармоягузорӣ ва истеҳсолӣ ба даст омадаанд, кафолат дода мешаванд.
Мутобиқи банди 1-и моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ”
Сармоягузорон дар доираи фаъолияти сармоягузорӣ ҳуқуқи мубодилаи озоди пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба асъори дигари озодона мубодилашаванда, инчунин хариди асъори хориҷӣ ва дигар амалиёти асъориро мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” доранд.
13 Мутобиқи моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ” сармоягузорони хориҷи ҳуқуқ доранд сармоягузориро дар шаклҳо зерин амалӣ намояд: – ташкили корхонаҳо, ки пурра ба сармоягузорони хориҷӣ тааллуқ доранд, инчунин филиалҳо ва намояндагиҳо, ки ба шахсони ҳуқуқии хориҷӣ мансубият доранд ё ба воситаи ба даст овардани ҳуқуқи моликият ба корхонаҳои мавҷуда
– таъсиси шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба даст овардани ҳисса дар корхонаҳои мавҷуда;
– ба даст овардани саҳмияҳо, вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қиматноки муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– мустақилона ё бо иштироки шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардани ҳуқуқи консессияҳо барои истифодаи объектҳои моликияти давлатӣ ва захираҳои табиӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– ба даст овардани дигар ҳуқуқҳои молумулкӣ.
14 Тибқи моддаи 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ”
Давлат баробарҳуқуқии сармоягузорони хориҷӣ ва ватаниро кафолат дода, ба поймолкунии ҳуқуқи сармоягузорон вобаста ба мансубияти шаҳрвандӣ, миллат, забон, ҷинс, нажод ва эътиқоди динӣ роҳ намедиҳад
15 Моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ”, кафолати ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорро таъмин менамояд;
1. Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ ва устувории қонунгузорӣ дар соҳаи сармоягузориро кафолат медиҳад
2. Сармоягузор ба ҷуброни зарари мутобиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи аз тарафи мақомоти давлатӣ қабул намудани санадҳои ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф, инчунин амалҳои ғайриқонунии (беамалии) шахсони мансабдори онҳо расонидашуда, ҳуқуқ дорад.
3. Ҷумҳурии Тоҷикистон устувории шартҳои созишномаҳо ва шартномаҳоро, ки байни сармоягузорон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудаанд, қафолат медиҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки тағйиру иловаҳо дар шартнома бо созиши тарафҳо ворид карда шудаанд.
4. Дар ҳолати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав, ки боиси бадшавии шартҳои амалисозии фаъолияти сармоягузорӣ мегарданд, сармоягузороне, ки сармоягузории дарозмуҳлат мекунанд, дар давоми даҳ сол аз рӯзи мавриди амал қарор дода шудани ин қонунҳо барои интихоби шароити ба онҳо мусоид ҳуқуқ доранд.
5. Бадшавии шароити сармоягузорӣ ин ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, ки ҳолатҳои зеринро пешбинӣ менамоянд:
– афзоиши – гаронии андоз нисбат ба гаронии андоз аз рӯзи оғози маблағгузории лоиҳаи сармоягузорӣ;
– ҷорӣ намудани маҳдудияти миқдорӣ ба ҳаҷми сармоягузорӣ ва дигар талаботи иловагӣ вобаста ба андозаи сармоя, муқаррар намудани дигар ҳолатҳои маҳдудкунӣ ё манъкунӣ; – ҷорӣ намудани маҳдудият нисбат ба ҳиссаи саҳми сармоягузори хориҷӣ дар сармояҳои оинномавии (шариконаи) шахсони ҳуқуқӣ
6. Низоми мазкур нисбат ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба масъалаҳои амнияти миллӣ, тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, маънавиёт ва ахлоқ алоқаманд мебошанд, паҳн намегардад.
16 Моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ” кафолатҳо ва тадбирҳои иловагии ҳимояи сармоягузоронро тибқи талаботҳои чунин амалӣ менамояд. 1. Дар баробари кафолатҳо ва тадбирҳои умумии ҳимояи сармоягузорон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад кафолат ва тадбирҳои иловагии ҳимояи сармоягузориро пешбинӣ намояд.
2. Кафолат ва тадбирҳои иловагии ҳимояи сармоягузорӣ метавонанд ҳангоми амалисозии сармоягузорӣ, ки ҳаҷми умумии онҳо на камтар аз маблағи ҳамарзиши панҷ миллион доллари Штатҳои Муттаҳидаи Америка бо пулли миллиро ташкил медиҳад, пешниҳод шаванд.
3. Кафолат ва тадбирҳои иловагии ҳимояи сармоягузории дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда ба сармоягузорон дар доираи созишнома ва шартномаҳои дахлдор дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ”, “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ”, “Дар бораи консессияҳо” ва “Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот” пешниҳод карда мешаванд.
17 Мутобиқи моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ”, ба сармоягузор ҷиҳати иштироки дар хусусигардонии моликияти давлатӣ чунин имтиёз додамешавад:
1. Сармоягузор метавонад дар хусусигардонии объекти моликияти давлатӣ тавассути ба даст овардани ҳуқуқи моликият ба молу мулки давлатӣ ё ҳисса, ҳиссаҳо (саҳм) дар сармояи оинномавии ташкилоти хусусигардондашаванда иштирок намояд .
Тартиб ва шартҳои хусусигардонии моликияти давлатиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ” муайян менамояд.
18 Мутобиқи моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ”
1. Давлат ба сармоягузорон дастрасии ройгонро ба маҳзани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кафолат медиҳад.
2. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба манфиатҳои сармоягузорон дахл доранд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр, инчунин дар сомонаи расмии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ҷойгир карда мешаванд.
3. Иттилооти дигари марбут ба амалӣ намудани фаъолияти сармоягузорӣ, аз ҷумла маълумот дар бораи кафолат, афзалиятҳо ва имтиёзҳои сармоягузорӣ, грантҳои аслии давлатӣ, равзанаи ягона барои сармоягузорон, имкониятҳои сармоягузорӣ, барномаҳо, лоиҳаҳо ва шартҳои амалӣ намудани фаъолияти сармоягузорӣ, ҳисобот оид ба амалисозии фаъолияти сармоягузорӣ, созишномаҳои сармоягузории имзошуда дар сомонаи расмии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, ки дар фаъолияти сармоягузорӣ иштирок мекунанд, ҷойгир карда мешаванд.
4. Сармоягузорон, аз ҷумла сармоягузорони ақаллият, бо дастрасии озоди ройгон ба маълумот дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва аҳдҳои вобаста ба молу мулки ғайриманқул, иҷозатномаҳо ё ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии додашудаинчунин ба дигар маълумоти пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба амалӣ намудани фаъолияти сармоягузорӣ алоқаманданд ва дорои сирри тиҷоратӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда намебошанд, таъмин карда мешавандДавлат ба сармоягузорон дастрасии ройгонро ба маҳзани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кафолат медиҳад.
5. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба манфиатҳои сармоягузорон дахл доранд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр, инчунин дар сомонаи расмии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ҷойгир карда мешаванд.
6. Иттилооти дигари марбут ба амалӣ намудани фаъолияти сармоягузорӣ, аз ҷумла маълумот дар бораи кафолат, афзалиятҳо ва имтиёзҳои сармоягузорӣ, грантҳои аслии давлатӣ, равзанаи ягона барои сармоягузорон, имкониятҳои сармоягузорӣ, барномаҳо, лоиҳаҳо ва шартҳои амалӣ намудани фаъолияти сармоягузорӣ, ҳисобот оид ба амалисозии фаъолияти сармоягузорӣ, созишномаҳои сармоягузории имзошуда дар сомонаи расмии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, ки дар фаъолияти сармоягузорӣ иштирок мекунанд, ҷойгир карда мешаванд.
Сармоягузорон, аз ҷумла сармоягузорони ақаллият, бо дастрасии озоди ройгон ба маълумот дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва аҳдҳои вобаста ба молу мулки ғайриманқул, иҷозатномаҳо ё ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии додашудаинчунин ба дигар маълумоти пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба амалӣ намудани фаъолияти сармоягузорӣ алоқаманданд ва дорои сирри тиҷоратӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда намебошанд, таъмин карда мешаванд.
19 Мутобиқи моддаи 15-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ” , сармоягузор метавонад ҳуқуқ ва уҳдадориҳои (гузаронидани қарз) худро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахси дигар диҳад (гузашт кунад). Додани ҳуқуқу ӯҳдадориҳо аз рӯи намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда, ё фаъолияте, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунад, баъди мувофиқа бо мақоме, ки барои амалӣ кардани ин намуди фаъолият иҷозатнома ё ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ додааст, анҷом дода мешавад .Додани ҳисса дар молу мулки шахсони ҳуқуқӣ, ки дар бозорҳои молии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукмфарморо ишғол менамоянд, инчунин бо розигии мақоми ваколатдори давлатии зиддиинҳисорӣ дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад .
20 Тибқи банди 5-и моддаи 315-и боби 48-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот:
– сармоягузоре, ки ба коргарони кироя музди меҳнат ва дигар даромадҳои ба он баробаркардашуда медиҳад, мувофиқи тартиби муқарраргардида пардохти андоз аз даромад ва андози иҷтимоиро таъмин менамояд;
– аз ҷониби сармоягузор таҳвил намудани маҳсулоти истеҳсолшуда аз андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз озод карда мешавад;
– сармоягузор аз пардохти андоз аз фоида озод карда мешавад;
– аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда молҳои ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои корҳо тибқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот воридшаванда, ки дар барномаҳои корҳо ва сметаҳои хароҷоти мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи созишнома оид ба тақсими маҳсулот мутобиқи қисми 1 моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» тасдиқ шудаанд, озод карда мешаванд. Дар сурати дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил шудани (ба истиснои содироти) ин молҳо андозҳои дар боло пешбинигардида ва дигар андозҳо мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешаванд. Номгўи ҳуҷҷатҳое, ки дар сурати ба мақомоти гумрук пешниҳод намудани онҳо озод кардан аз пардохти андозҳои дар ин қисм пешбинигардида анҷом дода мешавад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.
21 Тибқи банди 4-и моддаи 325 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, имтиёзҳои андоз барои субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ танҳо ба он қисми фаъолияти онҳо, ки он дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ба анҷом расонида мешавад, амал мекунанд
22 Дар моддаи 313 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти андозбандии корхонаҳо, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ (аз калобаи пахта то маҳсулоти пахтагини дўзандагӣ) машғул мебошанд, аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.
Корхонаҳои имтиёзгиранда аз андоз аз фоида, андози низоми соддакардашуда ва андозҳо аз молу мулки ғайриманқул озод мешаванд. Содироти молҳое, ки корхонаҳои навтаъсис истеҳсол мекунанд, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
Ҷиҳати дастгирии корхонаҳои коркард бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2016, №1367 “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” пардохти андоз аз фурўши нахи пахта дар дохили кишвар бекор карда шуда, бар ивази он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.01.2017, №49 боҷи содиротӣ ба андозаи 10 фоиз аз арзиши гумрукии нахи пахтаи содиротшаванда тасдиқ шуд. Бо мақсади дар дохили кишвар бештар коркард намудани пўст ва пилла бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба содироти онҳо ҳамчун ашёи хом боҷи содиротӣ муқаррар карда шудааст, аз ҷумла:
1. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.04.2015, № 208 “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, № 377” ба содироти пўсти коркарднашудаи чорвои калони шохдор ва хурд (гурўҳҳои молии 4101, 4102 ва 4103 рамзи Номенклатураи моли фаъолияти иқтисоди хориҷӣ (ФИХ) Евразия) боҷи гумрукӣ ба андозаи 300 Евро барои 1000 кг ҷорӣ карда шуд.
2. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.06.2014, № 377 “Дар бораи ставкаҳои боҷҳои гумрукии содиротӣ” ба содироти пиллаи абрешимии барои ресиш коршоям, абрешим – ашёи хом (тобдоданашуда) ва партовҳои абрешимӣ (гурўҳҳои молии 5001, 5002 ва 5003 рамзи Номенклатураи моли фаъолияти иқтисоди хориҷӣ (ФИХ) Евразия) 20%, вале на кам аз 100 Евро барои 1000 кг боҷи гумрукӣ ҷорӣ карда шудааст.
23 Ҷиҳати рушди соҳаи қолинбофии кишвар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин имтиёзҳо фароҳам оварда шудааст:
1. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.08.2016, № 379 “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2003, № 450” боҷҳои гумрукии воридотӣ ба маҳсулотҳои қолинӣ аз 15 % то ба 30% баланд бардошта шуда, боҷҳои гумрукии воридотии ашёи хом барои истеҳсоли қолинҳо, аз ҷумла: тасма барои лаблўлакунонии маҳсулоти қолинӣ, шираи наботот барои ширешкунии қолинҳо, ришта аз нахи ҷут ё нахи нассоҷии лиф, риштаҳои маҷмуи синтетикӣ, матоъҳо аз полиэтилин ва ё полипропилени барашон аз 3 метр зиёдтар ва нахҳои синтетикӣ, шонакардашуда ва ё барои бофтан тайёркардашуда аз 5-10% то ба сифр баробар карда шуданд. 2. Бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.07.2013, №76-ф вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин дигар лоиҳаҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мегарданд, вазифадор карда шудаанд, ки барои эҳтиёҷоташон қолин ва маҳсулоти қолинии истеҳсолкунандагони ватаниро харидорӣ намоянд.
24 Дар самти истеҳсоли либоси мактабӣ.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019, №198 «Дар бораи номгўи либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии корхонаҳои истеҳсоли ватанӣ, ки таҳвили (фурўши) онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд» дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 2018, № 1511 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст.
Ба қисми 2 моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон банди 10 илова шуда, таҳвили (фурўши) либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии истеҳсоли ватанӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда шудаанд.
25 Дар самти воридоти ашёи хом барои коркард то маҳсулоти ниҳоӣ.
Ба сархати 2 қисми 4 моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, ба истеҳсолкунандагон ворид намудани ашёи хом барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ба истиснои ашёи хоми дар дохили Ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ имтиёз пешбинӣ карда шудааст.
26 Ба банди 20 моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, ба истеҳсолкунандагон ворид намудани ашёи хом барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ба истиснои ашёи хоми дар дохили Ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ имтиёз пешбинӣ карда шудааст.
27 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №327 “Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани ашёи хоми ҷиҳати коркард ва маҳсулоти ниҳоӣ воридшаванда ва Номгўи ашёи хоми дар дохили мамлакат истеҳсолшаванда” тасдиқ карда шудааст.
28 Инчуни ҷиҳати раванди соддагардонии расмиёти ҳуҷҷатнигорӣ оид ба гирифтани иҷозатнома барои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва харҷҳои зиёдатӣ бо дастури Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба воситаи почтаи электронӣ сурат мегирад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҚАРОР
Дар бораи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон”Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, №12 “Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ, Номгӯи корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
Шумораи кормандони дастгоҳи марказии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон 95 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад. Дар ҳайати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии “Ангишти Тоҷик” ва Муассисаи давлатии маҷаллаи “Саноат ва технологияҳои нав” таъсис дода шавад.
Ба Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки се муовин, аз ҷумла як муовини якум дошта бошад. Барои дастгоҳи марказии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 4 воҳид муқаррар карда шавад. Маблағгузории дастгоҳи марказии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо мувофиқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода шавад.
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дармӯҳлати се моҳ:
– доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;
– санадҳои худро бо қарори мазкур мутобиқ намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 3 марти соли 2014 № 147 ш. Душанбе