Хабарҳо
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи Нақша чорабиниҳои Вазорат, КВД “Ангишти Тоҷик” якҷо бо корхонаҳои зерсохтор ва дар соҳа фаъолияткунанда ҷиҳати бо нархҳои нисбатан арзон ва дастрас пешкаш намудани ангишт ба аҳолӣ барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, Ярмарка фурўши ангиштро 10-14-уми августи соли 2023 дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои ВМКБ баргузор намуд.
16 июни соли 2023 вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундус Кароблисро ба ҳузур пазируфт.
13 июни соли 2023 вазири саноат ва технология нави Ҷумҳуриии Тоҷикистон Шерали Кабир дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Италия бо вазири саноат ва истеҳсолоти миллии Италия Адолфо Урсо мулоқот намуд.
24 майи соли 2023 муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар бо ҳамоҳангсози ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Италия - вазири ваколатдор Ҷанлука Грандӣ мулоқот кард.
14 марти соли 2023 вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо вазири маориф, илм ва навоварии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Иброҳим Абдураҳмонов вохӯрӣ намуд.
14 марти соли 2023 вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерали Кабир сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷарро ба ҳузур пазируфт.
Мулоқот бо ҳайати маъмурияти минтақаи мухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин
Санаи 16- уми феврали соли 2023, дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2023, 26/10-21 мутобиқ ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729 нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 доир гардид.
Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шӯрои амнияти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти кишвар доир ба масъалаи вазъи муқовимат ба таҳдиду хатарҳои муосир ва чораҳои тақвият бахшидан ба таъмини амнияти давлат ва суботу оромии ҷомеа баргузор гардид.
Баргузории чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи таҳия намудани лоиҳаи Стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ
Маълумоти мухтасар доир ба фаъолияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022
Дар робита ба ба кор андохтани корхонаи дӯзандагии муштараки тоҷикӣ-росиягии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶСК «БТК Групп» мутахассисони зеринро ба кор даъват менамояд.
24-уми январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
20 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Зебунисои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қолинҳои Душанбе»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Санаи 6 декабри соли 2022 дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатӣ оид ба масъалаи Стретегияи муковимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумњурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.06.2021, №187 тасдиқ шудааст, баргузор гардид.
Чӣ миқдор замини қонунии Тоҷикистон ҳоло дар ихтиёри Қирғизистон қарор дорад? 145 000, 211 000 га ё 420 000 га? Тоҷикистон дар баҳси марзӣ бо Қирғизистон ба кадом асос ва ҳуҷҷатҳо такя мекунад? Маънои «ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1932» чист ва чаро онҳо асоси ягонаанд? Маънои «ҳуҷҷатҳои солҳои 1958-59» ва моҳияти «ҳуҷҷатҳои соли 1989» чист? Ҳуҷҷатҳои ҷониби Қирғизистон дар ин баҳс кадоманд ва қурби ҳуқуқии онҳо чист? Конститутсияи СССР сарҳадҳои байн ин ду ҷумҳуриро чӣ тавр тақсим карда буд? Заминҳои Тоҷикистон дар асоси кадом ҳуҷҷатҳо дар ихтиёри Қирғизистон қарор гирифтаанд? Кадом раиси вилоят ва раиси шаҳри Тоҷикистон заминҳоро ба кишвари ҳамсоя дода буд? «Минтақаҳои баҳсӣ» дақиқан кадом қитъаҳоро дар бар мегирад? Талоши посух ба ин саволҳо ё шарҳе мустанад бар моҳият ва асосҳои ҳуқуқии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳси марзи бо Қирғизистон
Санаи 23 ноябри соли 2022 дар дастгоҳи марказии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили “Рӯзи Парчами давлатӣ” ҷамъомади тантанавӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди санги Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ»-ро мавриди истифода қарор доданд.
- 1
- 2