Маълумоти таҳлилӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои нишондиҳандаҳои фаъолияти корхонаҳои саноати хӯрокворӣ дар соли 2019
Саноати хӯрокворӣ соҳаи муҳим ва ояндадори иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, бинобар мавқеи калидӣ доштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, аз чониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон яке аз соҳаҳои афзалиятнок муайян гардидааст.
Соли 2019 ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини устувор ва кафолатноки аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ғизогии бехатар ва дорои сифати баланд ба соҳаи саноати хӯрокворӣ барои воридоти таҷҳизоти технологӣ, васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ ва бунёди корхонаҳои нав зиёда аз 166 млн сомонӣ маблағҳои дохилии корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ равона гардидааст, ки ин ба бунёди 76 корхона ва коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ғизоии саноатӣ бо таъсиси 819 ҷойҳои кории нав мусоидат намуд.
Азимтарини корхонаҳои бунёдгардида корхонаи истеҳсоли равғани растании ҶДММ “Корхонаи истеҳсолии “Ганҷ”-и ноҳияи Қӯшониён бо иқтидори коркарди 40 ҳазор тонна, коргоҳи истеҳсоли равғани растанӣ дар заминаи ҶДММ “25-солагии Истиқлолият”-и ноҳияи Спитамен бо иқтидори коркарди 14,0 ҳазор тонна зироатҳои равғанидиҳанда ва корхонаи истеҳсоли оби ошомиданӣ ва машруботии “Сиёма”-и шаҳри Душанбе бо иқтидори 23,4 миллион литр дар як сол ба ҳисоб рафта, бо ташрифи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Айни ҳол дар саноати хӯрокворӣ 483 корхона ба истехсоли маҳсулоти ғизоии саноатӣ машғул мебошад, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 10 ҳазор нафар қобили меҳнатро ба кор фаро гирифта, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳолии ҷумҳурӣ саҳми назаррас доранд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноати хӯрокворӣ дар ҷамъбасти соли 2019 маблағи 5 миллиарду 373,4 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109,2% ва ё 451,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳиссаи саноати хӯрокворӣ соли равон ба 19,5%-и маҷмӯъи маҳсулоти саноатӣ (27586599,4 ҳазор сомонӣ) баробар гардида, 33,7%-и маҷмӯъи маҳсулоти саноати коркарди ҷумҳуриро (15927 431,6 ҳазор сомонӣ) ташкил медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки истифодаи хатҳои технологии муосир имконият фароҳам овард, ки имрӯзҳо иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои соҳа талаботи бозори дохилиро бо маҳсулоти гӯштию ширӣ, консерваи меваю сабзавот, орд, макарон, нон ва маҳсулоти нонӣ, намаки ошию техникӣ, нӯшокиҳои спиртию ғайриспиртӣ пурра таъмин намуда, қисми он ба хориҷи кишвар содирот шавад.
Бояд кайд намуд,ки истеҳсоли маҳсулотҳои нав ба монанди шарбат, смузи ва пюреҳои мевагӣ дар зарфҳои “Дой Пак” барои кӯдакон, арақи сифати “Премиум” бо брендҳои “Марко Поло” ва “Сиёма” бо истифода аз спирти навъи “Алфа”, афшураҳои мевагии софкардашуда ва консерваҳо аз бодиринги навъи «корнишон», нони хушк дар бастаҳои замонавӣ бо маззаи панир, ҳасиб ба роҳ монда шуд.Мавриди зикр аст, ки бо зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоии саноатӣ дар баробари таъмини бозори истеъмолии кишвар содироти он мунтазам афзоиш ёфта, дар соли 2019 маблағи 121,9 млн сомониро (12,6 млн доллари ИМА) ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта (47,2 млн сомонӣ – 4,86 млн доллари ИМА) 2,6 баробар ва ё 74,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Соли 2019 бори нахуст дар таърихи саноати хӯроквории кишвар маҳсулотҳои консервашудаи «Пиёзи анзур», «Ғураоб» ба Иёлоти Муттахидаи Америка, хушкмеваи «Тут» ба Ҷумҳурии Туркия, нӯшобаи «Хуч» ва афшураи «Зардолу» ба Ҷумхурии Литва, оби маъдании «Хаватаг» оби ошомидании «Оби Зулол» ва «Сиёма» ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Аморати Мутахидаи Араб содирот карда шуд.
Бояд қайд кард, ки дар соли 2019 нисбат ба соли 2018 ҳаҷми содироти орд 3 баробар (3132,5 тонна), нӯшокиҳои ғайриспиртӣ 2,5 баробар (4414,8 тонна), шарбати меваю сабзавот 194,3% (140,7 тонна), намак 185,9% (2304,3 тонна) ва маҳсулоти қаннодӣ 129,4% (483,6 тонна) афзоиш ёфт.