Почтаи электронии Раёсати иҷозатномадиҳӣ, ҷиҳати қабули ҳуҷҷатҳои довталабони иҷозатнома; Ijozatnoma VSTN.tj@mail.ru
НОМГӮИ ҲУҶҶАТҲО ҶИҲАТИ ГИРИФТАНИ ИҶОЗАТНОМА:
МАЪЛУМОТНОМА
оид ба намудҳои фаъолиятҳои иҷозатномашаванда дар комплекси саноат
1.Тайёр кардан, коркард ва фурӯши пораву партови металлҳои сиёҳ ва ранга;
– ҷамъоварӣ ва коркарди пораву партови металлҳои сиёҳ,
– ҷамъоварӣ ва коркарди пораву партови металлҳои ранга,
Коркарди пораву партови металлҳои қиматбаҳо бо мақсади ба даст овардани натиҷаи ниҳоии маҳсулоти холис кардани металлҳои қиматбаҳо, рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо;
Истеҳсол, фуруши яклухт ва чаканаи машрубот, муомилоти спирти этилӣ, пива ва маҳсулоти спиртдор;
– истеҳсоли спирти этилӣ,
– истеҳсоли машрубот,
– истеҳсоли пива (оби ҷав),
– истеҳсоли маҳсулоти спиртдор,
– фуруши яклухти машрубот,
– фуруши чаканаи машрубот,
Истеҳсол, фуруши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку;
– истеҳсоли маҳсулоти тамоку,
– воридот ва содироти маҳсулоти тамоку,
– фуруши яклухти маҳсулоти тамоку,
– фуруши чаканаи маҳсулоти тамоку,
Истифодабарии канданиҳои фоиданоки маъмул;
– истихроҷи регу шаѓал,
– истихроҷи гилхок,
– истихроҷи оҳаксанг, мармар, сангҳои деворӣ, ҷинсҳои
метаморфӣ,
магматикӣ, вулқонӣ,
Иҷозатномаҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ бо мақсади истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъданӣ, ғайримаъданӣ ва ҳамчунон истифодаи партовҳои истеҳсолоти истихроҷи маъданҳои куҳӣ ва коркарди он дода мешаванд.
Почтаи электронии Раёсати иҷозатномадиҳӣ, ҷиҳати қабули ҳуҷҷатҳои довталабони иҷозатнома;
IjozatnomaVSTN.tj@mail.ru
Номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани иҷозатнома тибқи моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва банди 4 боби 59-и Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» заруранд.
– Ариза дар бораи додани иҷозатнома;
– Шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии довталаби иҷозатнома ба сифати шахси ҳуқуқӣ;
– Иқтибос;
– Оинома;
– Нусхаи шаҳодатномаи ба қайд гирифтани довталаби иҷозатнома дар мақомоти андоз (рақами мушаххаси андозсупоранда);
– Ҳуҷҷате, ки пардохти ҳақки иҷозатномаро барои баррасӣ шудани аризаи довталаби иҷозатнома тасдиқ мекунад;
– Розигии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ;
– Маълумотнома оид ба имкониятҳои молиявӣ (кафолати бонкӣ)
– Маълумотнома оид ба имкониятҳои техникӣ, технологӣ (дар шакли ҷадвал)
– Маълумонома оид ба ҳайати кадрҳо (дар шакли ҷадвал)
-Маълумотнома оид ба омӯзиши геологии қитъаи иҷозатномашавандаи қаъри замин;
-Нақшаи тиҷоратӣ оид ба истифодаи қаъри замини иҷозатномашаванда;
– Хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ.
Почтаи электронии Раёсати иҷозатномадиҳӣ, ҷиҳати қабули ҳуҷҷатҳои довталабони иҷозатнома;
Ijozatnomasanoat.tj@mail.ru
Мутобиқи боби 43 Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани иҷозатнома оид ба фаъолияти тайёр кардан, коркард ва фурӯши металлҳои ранга ва сиёҳ заруранд.
– ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намуди фаъолияти иҷозатномашаванда,ки дар он маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд:
барои шахси ҳуқуқӣ– ном ва шакли ташкилию ҳуқуқии корхона суроғаи ҳуқуқӣ, рақами суратҳисоб ва шӯъбаи бонк:
барои соҳибкори инфиродӣ – ному насаб, ҷои истиқомат ва ҳуҷҷате ,ки шахсияти ӯро тасдиқ менамояд:
– мӯҳлати дархостшаванда барои гирифтани иҷозатнома:
– дигар маълумотҳои вобаста ба хусусияти фаъолият:
барои шахси ҳуқуқӣ – нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии довталаби иҷозатнома ба сифати шахси ҳуқуқӣ:
барои соҳибкори инфиродӣ – нусхаи шаҳодатномаи қайди давлатии шаҳрванд ба сифати соҳибкори инфиродӣ:
– нусхаи шаҳодатномаи ба қайд гирифтани довталаби иҷозатнома дар мақомоти андоз:
– ҳуҷате, ки пардохти ҳаққи иҷозатномаро барои баррасӣ шудани аризаи довталаби иҷозатнома тасдиқ мекунад:
– маълумот дар бораи дараҷаи ихтисоси кормандони довталаби иҷозатнома:
– рӯзи додани ариза ва имзои довталаб.
– мавҷуд будани хулосаи экспертӣ оид ба мувофиқ будани шароити фаъолияти иҷозатномашаванда ба талаботҳои муқарраршуда:
– маълумот дар бораи таъмини техникӣ ва технологии намуди дархостшудаи фаъолият.
Почтаи электронии Раёсати иҷозатномадиҳӣ, ҷиҳати қабули ҳуҷҷатҳои довталабони иҷозатнома;
IjozatnomаVSTN.tj@mail.ru
Мутобиқи боби 49 Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани иҷозатнома оид ба фаъолияти вобаста ба коркарди пораву партови металлҳои қиматбаҳо бо мақсади ба даст овардани натиҷаи ниҳоии маҳсулот; холис кардани металлҳои қиматбаҳо ва рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо;
– ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намуди фаъолияти иҷозатномашаванда,ки дар он маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд:
барои шахси ҳуқуқӣ– ном ва шакли ташкилию ҳуқуқии корхона суроѓаи ҳуқуқӣ, рақами суратҳисоб ва шӯъбаи бонк:
барои соҳибкори инфиродӣ – ному насаб, ҷои истиқомат ва ҳуҷҷате ,ки шахсияти ӯро тасдиқ менамояд: – мӯҳлати дархостшаванда барои гирифтани иҷозатнома:
– дигар маълумотҳои вобаста ба хусусияти фаъолият:
барои шахси ҳуқуқӣ – нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии довталаби иҷозатнома ба сифати шахси ҳуқуқӣ:
барои соҳибкори инфиродӣ – нусхаи шаҳодатномаи қайди давлатии шаҳрванд ба сифати соҳибкори инфиродӣ:
– нусхаи шаҳодатномаи ба қайд гирифтани довталаби иҷозатнома дар мақомоти андоз: – ҳуҷате, ки пардохти ҳаққи иҷозатномаро барои баррасӣ шудани аризаи довталаби иҷозатнома тасдиқ мекунад:
– маълумот дар бораи дараҷаи ихтисоси кормандони довталаби иҷозатнома:
– рӯзи додани ариза ва имзои довталаб.
1) Барои шахсони ҳуқуқӣ
– нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи истифодаи бино, ки дар он анҷомдиҳии фаъолият пешбинӣ шудааст:
– маълумотнома аз мақомоти корҳои дохилӣ дар бораи таъминни бехатарии бинои корӣ ва санҷиши коргарон ба системаи иҷозатдиҳӣ:
– мавҷудияти тарозуи махсус барои баркашидани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маълумотнома дар бораи дурустии тарозу;
– мавҷудияти таҷҳизот ва асбобу анҷоми барои кор зарурӣ:
– барои коркарди шикастапораҳо ва партовҳои металлҳои қиматбаҳо: печҳои муфелӣ, шкафҳои ҳавокаш, сейфҳо ва дигар асбобҳои лозимӣ:
– барои рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо: микроскоп, печҳои муфелӣ, шкафҳои хушккунӣ, дастгоҳҳои арракунӣ ва дигар асбобҳои лозимӣ:
– барои хариду фуруши яклухт ва чакана: сейфҳо, мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ:
– барои аз аҳолӣ харидани маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо: сейф, дастаи сӯзанҳои маҳакӣ, реактивҳои маҳакӣ, рефрактометрҳо, заррабин ва дигар асбобҳои лозимӣ:
– маълумот дар бораи тахассуси касбии кормандони довталаби иҷозатнома.(шиноснома)
2) Барои соҳибкорони инфиродӣ:
– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи ҳуқуқи истифодабарии бинои корӣ , ки дар он анҷом додани фаъолият дарназар дошта шудааст:
– барои аз аҳоли харидани маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо мавҷуд будани асбобҳо ва таҷҳизотҳои зарурӣ. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ барои муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо. – доштани тамғаи давлатии маҳак дар маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ё сертификати мутобиқат(барои хариду фурӯши яклухт ва чакана): – мавҷудияти бинои мувофиқ ва шароити нигоҳдорӣ ва фурӯш.
Почтаи электронии Раёсати иҷозатномадиҳӣ, ҷиҳати қабули ҳуҷҷатҳои довталабони иҷозатнома; IjozatnomaVSTN.tj@mail.ru
Мутобиқи боби 57 Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ҳуҷҷатҳое,ки барои гирифтани иҷозатнома оид ба фаъолияти истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор заруранд.
– ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намуди фаъолияти иҷозатномашаванда,ки дар он маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд:
барои шахси ҳуқуқӣ– ном ва шакли ташкилию ҳуқуқии корхона суроѓаи ҳуқуқӣ, рақами суратҳисоб ва шӯъбаи бонк:
– мӯҳлати дархостшаванда барои гирифтани иҷозатнома:
– дигар маълумотҳои вобаста ба хусусияти фаъолият: (шиноснома)
– нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии довталаби иҷозатнома ба сифати шахси ҳуқуқӣ:
– нусхаи шаҳодатномаи ба қайд гирифтани довталаби иҷозатнома дар мақомоти андоз:
– ҳуҷате, ки пардохти ҳаққи иҷозатномаро барои баррасӣ шудани аризаи довталаби иҷозатнома тасдиқ мекунад;
– маълумот дар бораи дараҷаи ихтисоси кормандони довталаби иҷозатнома:
– шиносномаи завод;
– хулосаи мақомоти санитарию эпидемологӣ;
– хулосаи мақомоти оташнишонӣ;
– сертификати мутобиқат оид ба нишондиҳандаҳои бехатарӣ, ки бо тартиби муқарраргардидаи мақомоти сертификатсия ва метрология дода шудааст.
Ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани иҷозатнома оид ба фаъолияти фуруши чаканаи машрубот ва маҳсулоти спиртдор заруранд.
– ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намуди фаъолияти иҷозатномашаванда, ки дар он маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд:
барои шахси ҳуқуқӣ– ном ва шакли ташкилию ҳуқуқии корхона суроѓаи ҳуқуқӣ, рақами суратҳисоб ва шӯъбаи бонк
– мӯҳлати дархостшаванда барои гирифтани иҷозатнома:
– дигар маълумотҳои вобаста ба хусусияти фаъолият: (шиноснома)
барои шахси ҳуқуқӣ – нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии довталаби иҷозатнома ба сифати шахси ҳуқуқӣ:
– нусхаи шаҳодатномаи ба қайд гирифтани довталаби иҷозатнома дар мақомоти андоз:
– ҳуҷҷаҷате, ки пардохти ҳаққи иҷозатномаро барои баррасӣ шудани аризаи довталаби иҷозатнома тасдиқ мекунад:
– маълумот дар бораи дараҷаи ихтисоси кормандони довталаби иҷозатнома:
– рӯзи додани ариза ва имзои довталаб.
– мавҷуд будани хулосаи экспертӣ оид ба мувофиқ будани шароити фаъолияти иҷозатномашаванда ба талаботҳои муқарраршуда:
барои фуруши чакана:
– Қарори мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия оид ба муайян намудани ҷои фуруши чаканаи машрубот.
Почтаи электронии Раёсати иҷозатномадиҳӣ, ҷиҳати қабули ҳуҷҷатҳои довталабони иҷозатнома;
IjozatnomaVSTN.tj@mail.ru
Мутобиқи боби 46 Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани иҷозатнома оид ба фаъолияти истеҳсол, воридот ва содирот, фуруши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку заруранд.
– нусхаи шаҳодатномаи ба қайдгирии давлатии шаҳси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ;
– РМА;
– нусхаи шиносномаи довталаби иҷозатнома;
– хулосаи мусбии мақомоти назорати санитарию эпидемологӣ;
– мавҷуд будани анбори нигаҳдории маҳсулот;
– ҳуҷҷаҷате, ки пардохти ҳаққи иҷозатномаро барои баррасӣ шудани аризаи довталаби иҷозатнома тасдиқ мекунад:
Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:
– риояи технологияи истеҳсолот;
– риояи қоидаҳои тамғакунонӣ ва фурӯш.
– дар моликияти довталаби иҷозатнома ё бо дигар асоси қонунӣ мавҷуд будани фондҳои асосӣ (воситаҳо), иморатҳо, иншоотҳо, таҷҳизот, аз ҷумла лабораторияи истеҳсолию технологии барои амалӣ намудани фаъолияти мазкур;
– ба талаботи истеҳсоли маҳсулоти тамоку мувофиқ будани таҷҳизоти технологӣ.
Почтаи электронии Раёсати иҷозатномадиҳӣ, ҷиҳати қабули ҳуҷҷатҳои довталабони иҷозатнома; IjozatnomaVSTN.tj@mail.ru
Раёсати иҷозатномадиҳӣ
- Комментарии
Загрузка комментариев...